Чун турои нафас ту шуд аъдои аду

Бар ҳазар мебош рӯзу шаб аз ӯ

Ҳар ки гардад ӯ мутӣъи нафаси бад

Рӯй некӣ менабинад то абад

Худ хилофи нафас дар роҳи худо

Беҳтарин тоъат омад мари ту ро

Бадтарӣни душманат чун нафаси тест

Дӯстӣ бо вай макун эй марди суст

Чун сари куфри ҷаҳон эй марди дайн

Бурдани фармон нафас омад яқин

Бар хилофаш кун ҳар ончӣ ме кунӣ

То раҳе аз макри он деви ?данӣ

Дар хилофи нафаси шӯи собити қадам

То гузари ёбӣ ба асрори қадам