Сидқ ва ихлосаст зоди раҳравон
Ҳар ки мухлис гашт бошад раҳрави он
Толиб бесидқ кӣ ояд ба кор
Гар нае содиқ набинӣ васли ёр
Имтиҳони аҳл дил набӯд салоҳ
Мумтаҳан ҳаргиз намебинад фалоҳ
Ҳар ки ӯро баҳра аз имон буд
Дар тариқи имтиҳон кӣ ме равад
Ҳар ки гардад раҳравонро мумтаҳан
Гашти мардӯди қулӯби инсу ҷин
Ҳон ба пои сидқи рӯи ин роҳ ро
Даври дон аз имтиҳони ин шоҳ ро
Имтиҳон комилон набӯд раво
Ҳар ки гардад мумтаҳан ёбад сазо
Имтиҳони аҳли дил гар ме кунӣ
Хештани биҷон ва бесар ме кунӣ