Чун давр шуд аз ҳасани рахти пардаи анвор

Шуд ганҷи ниҳони фош ва аён шуд ҳамаи асрор

Гар дидаи маънӣ будат бози бинӣ

Кон ёр аёнаст дарин сӯрати ағёр

ТокФр ниҳон гардад ва пайдо шавад имон

Гӯи пардаи он зулфи барандози зи рухсор

Чун нест шавад ҳастӣ мавҳуми зи маълум

Доне ба яқин ҳаст яке дидау дидор

Зоҳид шавад аз ишқи рахти мункири мшоқ

Бурдор зи рухи парда ки то оварад иқрор

Хуршеди ҷамоли ту зи рухи парда чу бардошт

Зарроти ҷаҳон маҳв шуд аз тобиши анвор

Ҷони вола ва шайдост дар анвори ҷамолаш

эй дили ту кҷоӣӣ ки бибинӣ рухи дилдор

Асрор ҳақиқат накунӣ фоши баҳри кас

Зинҳор дило пардаи асрори нигаҳдор

Аз доми балои ҷон асирӣ нашуд озод

То шуд бкмнди хами зулфи ту гирифтор