Зиҳии базму соқӣу ҳасану ҷамол

Зиҳии мастӣу завқу ҷоми висол

Зиҳии мутрибу чангу овози не

Зиҳии шӯришу ваҷди арбоби ҳол

Чаҳ риндон май нӯши прҳизкор

Чаҳ ушшоқи ҷонбози некӯи хисол

Харобот ишқасту риндони маст

Майу мутрибу шоҳид бе мисол

Чаҳ нури таҷаллӣу скру фано

Чаҳ сҳўу бқоӣии баҳақи лоязол

Аҷаби сайру тайрии зи болои арш

Чаҳ ҳоласт ҳолоти аҳли камол

Чаҳ рафтору қомат чаҳ зебо нигор

Чаҳ чашмасту абрӯ чаҳ ғанҷи даллол

Чаҳ риндони ошиқ чаҳ маъшӯқ ва май

Аҷаби ишқу ҳоле ки ноед баққол

Асирӣ з ишқаст ҷоҳати баланд

Мабодои бҷоҳти зпстии завол