эй ҳасан ҷон физой ту хуршед бе завол
Ҳаргиз надид дидаи кас инчунин ҷамол
Хуршед дар либоси ҳама зарра намӯд
Рухсор ӯ чу парда барафканад аз ҷамол
Ботори зулф ӯ шаб тораст ҳамчуи рӯз
Хур дар муқобили маи рӯйиш кам аз ҳилол
Брҳр ки тофт партави анвори ваҳдаташ
Касрат ба пеш ӯ ҳама ваҳм омаду хаёл
Аз қилу қоли мадрисаи равшан куҷо шавад
Ҳолоти аҳли завқу мақомоти аҳли ҳол
То бо ту ҳаст ҳастӣ ту нест ҷузи фироқ
Фонии шӯ аз худӣ ки баҳақ ёфтӣ висол
Зон дам ки нӯш кард асирӣ май фано
Махмур сармаст омад ва мастаст лоязол