Ман ки масти ҷоми ишқам аз азал

Кӣ бҳшёрӣ кунам мастии бадал

Ишқу мастии шеваи риндӣ буд

Риндро зин чора набӯд лоақал

Сӯии масҷид омадан инсоф нест

Маст агар дар майкада ёбад маҳал

Ҳарки зон май аз азал маст омадаст

Ҳаст бихўди лоязолу лами изл

Кӣ шавад асрори ирфони ҳосилат

Аз тариқи илму зини баҳсу ҷадал

Рӯй ҷонон ме тавон дидани аён

Гар равад аз дидаи ҷонҳо сбл

Аз асирӣ май намояд рӯй дӯст

То ки шуд ойинаи илму амал