Ошиқему масти саҳбои лақо
Аз худии бегона бо ҳақи ошно
Дар шуъоъи офтоб рӯй ӯ
Нест гашта ҳаст гашта борҳо
Нӯш карда бодаи ҷоми фано
Ёфта аз ҳастӣ боқии бақо
Нест гашта аз ман ва мое тамом
Дидаи худро олам бе мунтаҳо
Ёфта аз рӯй ҷони афрӯзи дӯст
Ҳар яке аз дарди дилро сад даво
То шудам воқифи зи нозу шева аш
Дидаам дар ҳар ҷафоеи сад вафо
Аз гули рӯйиш дамодам мерасад
Булбули ҷонро ду сад баргу наво
Кошкӣ сад ҷону дил будӣ маро
То барояш кардамӣ ҳар дами фидо
Чун асирӣ аз худии худ гузашт
Гашти муҳаррами базми васли дӯст ро