Ҳолиё дар базми васли дӯсти ҷомӣ май занам

Бо майу маъшӯқи лофи никномӣ май занам

То ба малики васли ҷонон роҳ ёбад ҷони мо

Бесару сомон ба роҳи ишқи гомӣ май занам

Чун ба кӯии зуҳд корӣ барнаёмад зоҳдо

Ҳолиё дар майкадаи риндонаи ҷомӣ май занам

Ман ки дар иқлӣми тақво хоҷа будам кунун

Пеши пери майкадаи дам аз ғуломӣ май занам

То намоями раҳ ба кӯии васли ҷонони халқ ро

Дар тариқи ҳақи салои хосу омӣ май занам

Чун зи худ фонии мутлақи гаштаму боқӣ ба ҳақ

Дар мақоми фақри гулбонги тамомӣ май занам

Чун асирӣ дар тариқ ишқ будам пухта

Зотши савдоаш акнӯн ҷӯши хомӣ май занам