То дар тариқи ишқи ту ман ҷон фишон шудам
Беҷон шудам валек ҷаҳон дар ҷаҳон шудам
Зон дам ки бохатми дилу ҷон дар қимори ишқ
Аз ҳар чаҳ ақл фарз кунад , беш аз он шудам
Шаҳбози ҳамтем чу пар ва бол баргушод
Болотар аз замину замон ва макон шудам
То бо нишон шавам магар аз ёр бе нишон
Ном ва нишон гузоштам ва бенишон шудам
Чун дар фано з ҳастӣ худ нест омадам
Дар олами бақои бхдо ҷовдон шудам
То гаштаам гадои гадоёни кӯии ту
Дар малики фақри Подшаҳи шаҳ нишон шудам
Озода чун ки гашти асирии зи қайди хеш
Мутлақи бкўии ишқу ҷунун достон шудам