Соқии боқии маро ҷомӣ бидиҳ
Аз лаби лаъли худам комӣ бидиҳ
Чашми шӯхатро зи баҳри сайди ҷон
Аз ду зулфи анбарин домӣ бидиҳ
Аз рух чун рӯзу зулфи ҳамчуи шаб
Ҷони моро субҳӣ ва шомӣ бидиҳ
Муждаи васлаш агар дории сабо
Пеши ин маҳҷӯр пайғомӣ бидиҳ
Ҷон ки шуд аз дарди ҳиҷрати музтариб
Бромиди васл оромӣ бидиҳ
Ман дуои ҷон ту гӯям мудом
Ту ивази якбор дашномӣ бидиҳ
Бесрўсомон шудам дар ишқи ту
Кори ошиқро саранҷомӣ бидиҳ
Ишқ моро нест оғозии падед
Чун набӯд оғоз анҷомӣ бидиҳ
Шуд асирии масти чашми сархушат
Аз май лаълати варо ҷомӣ бидиҳ