эй дили ту ҳамеша дар висолӣ

Ҳайрони ҷамоли зулҷалолӣ

Мифтоҳи хзоини вуҷӯдӣ

Ганҷинаи ганҷ бе заволӣ

Аз ъзу шарафи малики наёбад

Дар хилвати хоси ту маҷолӣ

Дар хонаи ҳасани моҳи рӯят

Дар авҷи ҷамол бе ваболӣ

Шуд нури ту раҳнамои нуқсон

Ту меҳри сипеҳр ҳар камолӣ

эй ринди шробхонаҳи ишқ

Сармасти лақои лоязолӣ

эй моҳ вааш фириштаи пайкар

Дар ҳасану ҷамол бе мисолӣ

Шуд тӯтии нутқ бо фасоҳат

Дар васфи рухи ту гунгу лолӣ

Ҳолеаст турои бадали асирӣ

Бартари зи баён ҳар мақолӣ