Камон шуд қоматам аз бас кашидам бори меҳнат ҳо
Дилами сад чок шуд аз бас ки хӯрдам тири офат ҳо
Сапанд аз анҷуму миҷмари зи маи ҳршб аз он сӯзад
Кисорад аз рухи хуби ту эзади дафъи офат ҳо
Диҳед эй носеҳони пандами зи ҳавли ҳашар то чандам
Дамии садбор май байнам аз он қомати қиёмат ҳо
Аҷаб дорам ки сӯрати баст дар мроти он сӯрат
Ки битавонад кашад бо он назокати акси сӯрат ҳо
Занам ҳар лаҳзаи авроқи китоби дидаро барҳам
Ки ҷузи нақши ту гар ҷӯям башуем зи ашки ҳасрат ҳо
зи саҳбои шуҳудаши ҷуръаи соқӣ каромат кун
Ки бар асрор равшан гардад асрори каромат ҳо