Карӣ бар раҳ бихуфт аз хурдаи доне

Ки то вақте даройади корвонӣ

Даромад корвон ва рафт чун дӯд

Куҷои он хуфтаи карро хабар буд

Чу шуд бедори хоб аз дидагон рафт

Бадв гуфтанд эй кар корвон рафт

Чаро хуфтӣ ки кард охири чунин хоб

Ки бигузаштанд ҳамроҳону асҳоб

Надонам то чаҳ хобат дид айём

Ки хуш дар хоб кардат то саранҷом

Кар он башнавад гуфт ошуфта будам

Ки ҳам кар будам ва ҳам хуфта будам

Дариғо чун шудам аз хоби бедор

намеёбам зи як ҳамроҳи осор