Касе кӯи соҳиби ин дард бошад

Дарунаш аз ду олам фард бошад

Ҳар онкўи толиби ин кор набӯд

Мақомаши андарин раҳ ёр набӯд

Намоиш бошад аз аввали қадамгоҳ

Пас онгаҳ гардишаш бошад банногоҳ

Чу гардид ӯ равиш пайдо кунад зуд

Чунон кандар тариқат шаръ фармуд

Пас онгоҳии кашиш дар пеш ояд

зи пеши молу ҷоҳ худ барояд

Чу садиқони раҳ дарвеш гардад

Адуи молу ҷоҳ хеш гардад

Шариъатро шиор хеш созад

Давои дарду кор хеш созад

Бики суннати мухолиф чун нагардад

зи дасти нафаси худ дар хӯн нагардад

Равиш аз роҳ шаръ ояд фаро дид

Кашиш зон асл ва фаръ ояд Фродид

Ҳақиқати роҳи ҳақи майдон ки шаръаст

Асоси бандагӣ зон асл ва фаръ аст

Чу ӯ дар роҳи ҳақ ҳушёр бошад

Кашиши худ доимо дар кор бошад

Шариъатро чу шуд мнқоду банда

Шавад маълуми он ҳар ду раванда

Ки як ҷазбаи варои чандин кашиш кард

Ки дар сад қарн натавон он равиш кард

Чу ӯро дар шариъати парвариш буд

Яқини дони аввалу охири кашиш буд