Кунад тақрири аҳли ин маъонӣ

Биҷузи ин қӯт ва ин зиндагонӣ

Дигаргуни қӯту дигари ҳаётӣ

Ки дорад ҳар вуҷӯдӣ зон саботӣ

Ҳаёти қӯтӣ аз рӯй маънӣ

Мадад бошад варо аз рӯй маънӣ

Гар он қӯти дамӣ пажмурда гардад

Ҳаёти он вуҷӯд афсурда гардад

Дарин олам ки хоҳад гашти фонӣ

Се қӯт омад асли зиндагонӣ

Бидон қӯти қавом ҳар гуруҳе

Буд поянда зон қӯти шикваӣ

Яке нафсонӣ эй ҷон то ки доне

Дувуми рӯҳонии асли зиндагонӣ

Сими раббонии он кӯ шуд ҳақиқат

Бидон зинда шаванд аҳли тариқат

Ҳаёти бештари аҳли замона

Бадунё бошад эй ёри ягона

Бҷон ва дил шаванд ҷӯянда ӯ

Ту пиндорӣ ки ҳастанд банда ӯ

Ҳар он якро ки шуд дунёи зи дасташ

Ту гўӣии поу сари дарҳами шикасташ

Буд аз маънӣу сӯрат чу мурда

Тамомати хӯн ӯ гардад фусурда

Буд ин қӯти нафсонӣ эй ҷон

Ки медорад турои пайвастаи ҳайрон

Ҳаёту қӯти баъзе зи асҳоб

Буд аззкру тоъат нек дарёб

Агар як вирд аз эшон фӯт гардад

Ҳамон сӯрати барояшон мӯат гардад

зи хавфи дӯзаху тарси ҷаҳаннам

Ҷигар партоб дорад дидаи пурнам

Ҳамеша бо ғам ва андӯҳ бошад

Якояки холӣ аз андӯҳ бошад

Наими хешро ҷӯяндаи доим

Дарин андеша мебошанд наем

Шавад зоҳир азишон дар мақомот

Суханҳо дар Фросоту каромот

Агарчӣ аз дилу ҷон банда бошанд

Ббўии айши ақл зинда бошанд

Буд рӯҳонии ин қӯт дар эшон

Набошанд ҳаргиз аз чизеи парешон

Ҳаёту қӯти аҳли тариқат

Ки огоҳанд як сар аз ҳақиқат

Буд доим ҳамеша аз муҳаббат

На дӯзах ёдашон ояд на ҷинат

зи умеди биҳишту хавфи оташ

Шаванд якбора аз андешаҳо хуш

Бтрки ҷумла нисбатҳо бигӯянд

Каромоти вФростро биҷӯянд

Нахоҳанд аз касе мулкӣу молӣ

Надоранд интизори кашфи ҳоле

Зиёрати онкии эшон гӯш доранд

Муроди хеш дар оғӯш доранд

Ббўии васли ҷонон зинда бошанд

Муҳаббатро бҷон ҷӯянда бошанд

Буд раббонии ин қӯти яке дон

Ту он қӯти ҳаётиро матин хон

Бидон қӯт ҳар онкў зиндагӣ ёфт

Фанои якбора аз вай рӯй бартофт

Бибозӣ брнёиди ин чунин кор

Риёзатҳо кашӣдан бояд эй ёр

Басии таклифҳо бар вай ниҳодан

Аннани худ бадасти пер додан