Сулаймон чун зи булбул қисса бишунид
Басии андари фироқ гул бинолед
Пас онгаҳ гуфт мурғони ҳаво ро
Ки ғайбат буд аз булбули шумо ро
Ҳар онкас кӯ равад танҳо ба қозӣ
зи қозӣ хуррам ояд гашта розӣ
Сухан гуфт баробар иттифоқ аст
Ба ғайбати моҷаро кардан нифоқаст
Ҳадиси моҷаро чун ҳаст маъқӯл
Бигӯ бо ҳар ки бошад ҳаст машғӯл
Чу булбул ҳозир омад вақти ғайбат
намеҷунбад яке акнӯн зи ҳайбат
Ба ғайбат бӯда ҳар як аз шумо шер
Ба хӯни булбулони олӯдаи шамшер
Мисолаш бо шумо мушти пиёда
Мисоли гурба ва мӯшасту бода