Ҷавобаш дод ва гуфт эй чашмаи нур
зи рухсори ту бодои чашми бади давр
Чаҳ гӯям бо ки гӯям ин ҳақиқат
Забони ваҳм кӣ донад табиат
Ки бошанд ин ду се пажмурдаи дилҳо
Бимонада поишон дар об ва гулҳо
Тамаъ аз дому донаи нобурӣда
Шароби васли дилбари ночшидаҳ
Чу санги афсурдаи андар бе ниёзӣ
Ба сари бурданди умри худ ба бозӣ
Надорам баҳра аз ҳоли эшон
Аз он бибридаам аз қоли эшон
зи мурғони ман барои он рамедам
Ки касро муштарӣ худ надидам
Агар оҳӣ барорам аз дили танг
Бисӯзад бар фалаки миррӣху харчанг
Бадаради Зуҳраи ҳолеи Зуҳраи хеш
Уторид хок созад баҳраи хеш
Ба чоҳ уфтад ма ва гардад чу моҳӣ
Ба саҳрои вуҷӯд эй аз ту шоҳӣ
Ба иқболи ту эй додари олам
Ки боди абри муродати кори олам
Бигӯям ҳоли мурғони ситамкор
Бигӯям то чаҳ донад ҳар касе кор
Саросари қиссаҳоашон боз ҷӯям
Вази он пас дониш ва эъзоз ҷӯям