Ҷавобаш дод ҳушёри сухангӯӣ
Магӯ моро аз ин маънӣ бар ин рӯй
Бирав моро сару савдоӣ кас нест
зи ишқами як нафаси пурвой кас нест
Ту ҳаргиз бар касе ошиқ набӯдӣ
Ҳануз оташ на монанди дӯдӣ
Ту нодир бехудӣ бихўд наМонӣ
Ту қадари ошиқон ҳаргиз ндонӣ
Шароби ошиқии он кас кунад нӯш
Ки ёди ғайрро созад фаромӯш
Марои маъзӯр май дор эй худованд
Ки ошиқ нашунӯд аз оқилони панд
Мақоми ошиқони болой ақл аст
Тариқи оқилӣ дар ишқ ҷаҳл аст
Сулаймонро бигӯ эй нури яздон
Аннани ҳукми худ аз мо бигардон
Туро бар мо аз он даст ситам нест
Ки бар девонау ошиқ қалам нест