Надорад дарди ман дармон дариғо

Бимонадам бесару сомон дариғо

Дарин ҳайрати фалакҳо низ дайр аст

Ки мегирданд саргардон дариғо

Дарин душвории раҳи ҷон ман шуд

Ки роҳӣ нест баси осон дариғо

Фурӯ мондам дарин роҳи хатарнок

Чунин волаи чунин ҳайрон дариғо

Раҳеи баси давр май байнами ман ин роҳ

На сари пайдо ва на поён дариғо

зи ранҷи тишнагии мардум ба зорӣ

Ҷаҳони пари чашмаи ҳайвон дариғо

Чу на ҷонон бихоҳад монад на ҷон

зи ҷони дардо ва аз ҷонон дариғо

Агар сангӣ нае бниўши охир

зи як як санги гӯристон дариғо

Азизони ҷаҳонро байн ба як роҳ

Ҳама бо хоки раҳи яксон дариғо

Бибин то бар сари хоки азизон

Чигуна абр шуд гирён дариғо

Магари ҷонҳои эшон абр бӯда аст

Ки май боринд чун борон дариғо

Биё то дар вафои дӯстдорон

Фурӯ борем сад тӯфон дариғо

Ҳамаи ёрон ба зери хоки рафтанд

Ту хоҳӣ рафт чун эшон дариғо

Рухии комади зи пайдое чу хуршед

Кунун дар хок шуд пинҳон дариғо

Аз он лабҳои чун унноби дардо

Вазони хатҳои чун райҳон дариғо

Ба як теғи аҷали дарҷи даҳон ро

На писта монад ва на марҷон дариғо

Батон моҳ рӯй хуши сухан ро

Куҷо шуд он лабу дандон дариғо

Занхдонҳо чу бар хоҳанд бастан

Занхдонро зи нах май дон дариғо

Басо шахсан ки аз таби рехт дар хок

Шуд аз табриз бо Кирмон дариғо

Басои айвон ки бар кайвонаши бурданд

Куҷо шуд онҳамаи айвон дариғо

Басои қсро ки чун фирдавс карданд

Кунун шуд кулбаи аҳзон дариғо

Дарин ғами хона ҳар Юсуф ки дидӣ

Лаҳад бар ҷумла шуд зиндон дариғо

Чу яксонаст онҷои тарку тоҷик

Ҳам аз Эрони ҳам аз турон дариғо

Ту хоҳ аз рӯм бошу хоҳ аз чин

На қайсар монад ва на хоқон дариғо

зи аФридўн ва аз ҷамшеди дардо

зи Кайхусрави зи нўшрўон дариғо

Ҳазорон гӯна дастон дошт булбул

Набӯдаш суди як дастон дариғо

Пас аз васлӣ ки ҳамчун бод бигузашт

Даромад ин ғами ҳиҷрон дариғо

зи молу малики ин олам тамом аст

Туро як луқма чун луқмон дариғо

Барои нон чаҳ резии оби рӯят

Ки оташи беҳтар аз ин нон дариғо

Туро то ҷон буд нон кам наёяд

Чаҳ бояд кунад чандини ҷон дариғо

Худовандо ҳамаи умри азизам

Ба ҷаҳл овардаам ба зиён дариғо

Агарчӣ бас сипедам мешавад мӯӣ

Сияҳ мегардадам девон дариғо

Чу даврон ҷавонӣ рафт чун бод

Басӣ гуфтам дарин даврон дариғо

Нашуд маълуми ман ҷузи охири умр

Ки кардам умри худ товон дариғо

Марогар умр боистӣ харидан

Талаф кӣ кардамӣ зини сон дариғо

Басии атторро дард ва дареғ аст

Ки ӯро ҳаст ҷои он дариғо

Худоё чун гуноҳам кард ноқис

Ниҳодам рӯй дар нуқсон дариғо

Агар кард ин гадо бар ҷаҳли корӣ

Аз он ғам кард сдчндон дариғо

Ту афваш кун кигар афват набошад

Фурӯ монад ба сад хизлон дариғо