Сухани ишқи ҷуз ишорат нест

Ишқ дар банд истиорат нест

Дили шиносад ки чист ҷавҳари ишқ

Ақлро заррае бсорт нест

Дар иборат ҳаме нагунҷад ишқ

Ишқ аз олам иборат нест

Ҳар киро дили зи ишқи гашти хароб

Баъд аз он ҳаргизаш иморат нест

Ишқи бустон ва хештан бифурӯш

Ки накӯтар азин тиҷорат нест

Гар шавад фӯти лаҳзае бе ишқ

Ҳаргизи он лаҳзаро куффорат нест

Дили худро зи гӯр нафас барор

Ки дилатро ҷузи ин зиёрат нест

Тани худро ба хӯн дида бишӯй

Ки танатро ҷузи ин таҳорат нест

Пар шуд аз дӯст ҳар ду кун валек

Сӯй ӯ Зуҳра ишорат нест

Дили шӯридагон чу ғорат кард

Бонг бар зад ки ҷой ғорат нест

Тан дар ин кор дар даҳ эй аттор

Зонка ин кори мо ҳақорат нест