Ҳар ки дарин дард гирифтор нест

Як нафасаш дар ду ҷаҳон кор нест

Ҳар ки дилаши дида бино наёфт

Дида ӯ муҳаррам дидор нест

Ҳар ки азин воқеаи бӯеи набард

Ҷуз ба сифати сӯрат девор нест

Хор шавад дар раҳ ӯ ҳамчуи хок

Ҳарки дар ин бодия хунхор нест

эй дил агар дами занӣ аз сари ишқ

Ҷои ту ҷузи оташу ҷуз дор нест

Пардаи ин роз ки дар қамар ҷонаст

Ҷузи қадаҳи дардӣ хумор нест

Онкии сазовор дар гулхан аст

Дар ҳарами шоҳ сазовор нест

Гулхании муфлиси ношстаҳ рӯй

Марди саропарда асрор нест

Каъбаи ҷонон агарат орзӯаст

Дар гузар аз худ раҳ бисёр нест

Гарчи ҳиҷоби ту бурун аз ҳад аст

Ҳеҷ ҳиҷобят чу пиндор нест

Парда пиндор бисӯзу бдонк

Дар ду ҷаҳонат ба азин кор нест

Чанд кунӣ аз сар ҳастӣ хурӯш

Нест шӯи андари талаби ёр , нест

Аз тамаъи хоми дарин воқеа

Сӯхтатар аз дил аттор нест