Сарв чун қади хиромон ту нест
Лаъл чун пистаи хандон ту нест
Нест як кас ки ба лаби омадаи ҷон
Зорзўии лабу дандон ту нест
Ҳеҷ ҷамъият агар ёфт касе
Аз ҷузи он зулфи парешон ту нест
Мурдаи он дил ки ба сад ҷон на ба як
Зиндаи чашмаи ҳайвон ту нест
Ғарқаи боди онкӣ ба сад сӯхтагӣ
Ташнаи чоҳи занхдон ту нест
Ба зи ҷони ошиқи дидори ту ро
Сипари новаки мижгон ту нест
Чашми як оқил ва ҳушёр надид
Ки чу ман волау ҳайрон ту нест
Май васлами даҳ охир ки маро
Беш азин тоқати ҳиҷрон ту нест
эй дили сӯхта дар дард бисӯз
Зонка ҷузи дарди ту дармон ту нест
Чанд бошӣ ту аз он худ аз онк
То ту он худӣ ӯ он ту нест
Гар бадв нест раҳати ҷони дрбоз
Заҳмати ҷони ту ҷузи ҷон ту нест
Ки кашад дарди дилат эй аттор
Шарҳи он лоиқи девон ту нест