Ҳар дилӣ каз ишқи ту огоҳ нест
Гӯ бирав кӯи марди ин даргоҳ нест
Ҳар киро хуш нест бо андӯҳи ту
Ҷон ӯ аз завқи ишқ огоҳ нест
эй дил ар марди раҳе мардона бош
Зонка андари ошиқӣ икроҳ нест
Ошиқон чун ҳалқа бар дар монда анд
Зонка наздики ту касро роҳ нест
Гирд бар гирди дилам аз дарди ту
Хӯн гирифту Зуҳраи як оҳ нест
Бар сари ой аз қаъри чоҳи нафас аз онк
Юсуфи Мисряти андар чоҳ нест
Чанд ҷӯии обу ҷоҳ ар ошиқӣ
Ошиқи андари банди об ва ҷоҳ нест
Зоди роҳи марди ошиқ нестӣ аст
Нест шӯ дар роҳи он дилхоҳ нест
Дар даҳ эй аттори тан дар нестӣ
Зонка онҷо мард ҳастӣ шоҳ нест