Ишқи ҷузи бахшиш худоӣ нест
Ин ба султонӣ ва гадоӣ нест
Ҳар ки ӯ брнхизд аз сари сар
Ишқро бо вай ошноӣ нест
Ишқ вақфаст бар дили пурдард
Вақф дар шаръи мо баҳоӣ нест
Ҳар киро бози ишқ сайд кунад
Бозаш аз чанг ӯ раҳоӣ нест
Кори он кас ки ошиқии варзад
Ба ҷуз аз айн бенавое нест
Чун расидам ба назд он маъшӯқ
Кори ҷузи айш ва длгшоиӣ нест
Ҳарчӣ аттор гуяд аз сари ишқ
Ба яқини дон ки ҷуз атое нест