Ҳар дида ки бар ту як назар дошт

Аз умри тамоми баҳраи бардошт

Сармояи умр дидан туаст

Ваон дид туро ки як назар дошт

Кӯраст касе ки ҳар замонӣ

Дар дид ту дида дигар дошт

Ҷовиди зи хеш бехабар шуд

Ҳар дил ки зи ишқи ту хабар дошт

Мурғӣ биппаред дар ҳавоят

Каз шавқи ту сад ҳазор пар дошт

Дар шавқи рухи ту бештари сӯхт

Ҳар кӯ ба ту қурб бештар дошт

Дил бе рухи ту дамии сари кас

Савганд ба ҷони ту агар дошт

Дар ишқи рухи ту як сари мӯӣ

Наниҳод қадам касе ки сар дошт

Баси мурда ки зинда кард дар ҳол

Бодӣ ки ба кӯии ту гузар дошт

Бо чашми ту коргар наомад

Ҳар ҳила ки чархи поки бардошт

Хорам кардӣ чунон ки ишқат

Бар хоки дирам чу хок дар дошт

Хор аз чаҳ сабаб кунӣ касе ро

Каз ҷони худат азизтар дошт

Бо булъаҷабии ғамзаи ту

На дили қимат на ҷон хатар дошт

Дар пеши лабати зи шарми бгдохт

Ҳар ширинӣ ки он шукр дошт

Дар ҷанби лаби ту оби ҳайвон

Ҳар шева ки дошт мухтасар дошт

Дар нуқраи оризати фурушад

Ҳар нозкииӣ ки об зар дошт

Бар гирди миёни ту камари гашт

Он ҳарф ки дар миён камар дошт

Шакли даҳани ту турфа бархест

Зон нуқтаи турфа бар зибр дошт

Чун рӯй ту зери пардаи зулф

Чаҳ сад ки ҳазор парда дар дошт

Дар ҳар бен мӯӣ бе рухи ту

Аттори ҳазор навҳа гар дошт