Дарди дили ман аз ҳад ва андоза даргузашт

Аз бас ки ашки рехтами обами зи сари гузашт

Поем зи дасти воқеа дар қӣр ғам гирифт

Корами зи ҷаври ҳодиса аз даст даргузашт

Бар рӯй ман чу бар ҷигар ман намонад об

Баси сайлҳои хӯн ки зи хӯни ҷигари гузашт

Ҳар шаби зи ҷаври чархи балое дигар расед

Ҳар дами зи рӯзи умр ба дардӣ дигар гузашт

Хоб ва хӯрам намонад вагар қисса гӯямат

Зон ғуссаҳо ки бар ман бехобу хури гузашт

Ашкам ба қаъри синаи моҳӣ фурӯ расед

Оҳам аз рӯй оина моҳ даргузашт

Дар бар гирифт ҷони марои тири ғам чунонк

Пайкон ба ҷон расед вази ҷон то ба бар гузашт

Бар ҷони ман ки ранҷу балоеи надида буд

Чандини балоу ранҷи зи дардами бадари гузашт

Бар умри ман аҷал чу саҳаргоҳ шом хӯрд

Зон шоми офтоби ман андари саҳари гузашт

Аттор чун ки сояи иззат бар ӯ намонад

Чун соя эй зи хории худ дар ба дар гузашт