То гул аз абри об ҳайвон ёфт

Гирди худ сад ҳазор дастон ёфт

Зираи абри гашти пайкони боз

Ҷавшани оби захм пайкон ёфт

Гули хандон чу барфаканд ниқоб

Абрро зори зор гирён ёфт

Чун сабо чок кард домани гул

Нофаи машк дар гиребон ёфт

эй нигорӣ ки ҳар ки дид рахт

Аз рухи ҷонФзои ту ҷон ёфт

Ба дилу ҷони туро ки ҷону дилӣ

Ҳар ки фармони бабрад фармон ёфт

Май гулранги хур ба мавсими гул

Ки гули тоза рӯй борон ёфт

Май хуру шоди зӣ ки хуштар азин

Як нафас дар ду кун натавон ёфт

Май ба аттори даҳ ба сурхии лаъл

Ки замии ҷон чу дар дурахшон ёфт