То дили зи камоли ту нишон ёфт

Ҷони ишқи ту дар миён ҷон ёфт

Парвонаи шамъ ишқ шуд ҷон

Чун сӯхта шуд зи ту нишон ёфт

Ҷон буд нигини ишқу меҳрат

Чун нақши нигин дар он миён ёфт

Ҷони боргаҳи тўро талаб кард

Дар мағзи ҷаҳон ломакон ёфт

Ҷонро ба дарат нигоҳӣ афтод

Сад ҳалқа бирав чу осмон ёфт

Ҳар ҷон ки ба кӯии ту фурӯ шуд

Аз буии ту ҷон ҷовдон ёфт

Фарёду хурӯши ошиқонат

Дар куну макон наметавон ёфт

Аз дарди ту ҷон мо бинолед

Дармони ту дард бекарон ёфт

Чун дард ту ёфт зер ҳар дард

Дармони ҳамаи ҷаҳон ниҳон ёфт

Ҳарчиз ки ҷони мо ҳамеи ҷуст

Чун дар ту нигоҳ кард он ёфт

Ҳар мақсӯдӣ ки ақлро буд

Дар шуъла рӯй ту аён ёфт

Аттор чу ин сухан баён кард

Беруни зи ҷаҳони басӣ ҷаҳон ёфт