Ҳар дил ки зи ишқ бенишон рафт
Дар пардаи нестӣ ниҳон рафт
Аз ҳастӣ хеш пок бигурез
Кини роҳ ба нестӣ тавон рафт
То ту накунӣ зи худ карона
Кӣ битавонӣ азин миён рафт
Сад ганҷи миёни ҷон касе ёфт
Кини бодия аз миён ҷон рафт
Роҳӣ ки ба умрҳо тавон рафт
Марди раҳ ӯ ба як замон рафт
Ҳон эй дили хуфта умр бигузашт
То кӣ хусбӣ ки корвон рафт
эй ҷону ҷаҳон чаҳ май нишинӣ
Бархез ки ҷон шуд ва ҷаҳон рафт
Аз ҷумлаи Нитсаатон ин роҳ
Он баради сабақ ки бенишон рафт
Чун нестӣ аз замини тавон барад
Кӣҳаст тавон бар осмон рафт
Муҳтоҷ ба донаи замин буд
Мурғӣ ки зи шох ломакон рафт
Аттор чу завқ нестӣ ёфт
Аз ҳастӣ хеш бар карон рафт