Оташи савдои ту олами ҷон дар гирифт
Сӯзи дили ошиқон ҳар ду ҷаҳон дар гирифт
Ҷон ки фурӯ шуд ба ишқи зиндаи ҷовиди гашт
Дил ки бидонаст ҳоли мотами ҷон дар гирифт
Аз пас чандини ҳазор парда ки дар пеш буд
Рӯй ту як шуъла зад куну макон дар гирифт
Чун ту барандохтӣ бурқаъи иззати зи пеш
Ҷон мутаҳайир бимонад ақли фиғон дар гирифт
Бар сари кӯии ту ишқи оташ дил барфурӯхт
Шамъи дили ошиқони ҷумла аз он дар гирифт
Ҷуръаи андӯҳи ту то дили ман нӯш кард
Зотши оҳи дилами кому забон дар гирифт
То ки зи ранг рахт ёфт дили ман нишон
Рӯй ман аз хӯни дили рангу нишон дар гирифт
Ҷону дили ошиқон хирқа шуд андари миён
Зонка самоъи ғамат дар ҳамагон дар гирифт
Рост ки аттор дод ҳасану ҷамоли ту шарҳ
Сина баровард ҷӯши дили хафақон дар гирифт