эй бе нишони маҳзи нишон аз ки ҷӯямат

Гуми гашт дар ту ҳар ду ҷаҳон аз ки ҷӯямат

Ту гум наеу гумшудаи ту манам валек

То ёфт ёфт менатавон аз ки ҷӯямат

Дил дар фанои ваҳдату ҷон дар бақои сарф

Ман гумшудаи дарин ду миён аз ки ҷӯямат

Пайдои басии бҷстмт аммо наёфтам

Акнӯн маро бигӯ ки ниҳон аз ки ҷӯямат

Чун дар раҳати яқину гумоне ҳаме равад

эй бартар аз яқину гумон аз ки ҷӯямат

Дар баҳр бе ниҳояти ишқат чу қатра Эй

Гум шуд нишони ма ба нишон аз ки ҷӯямат

То буд ки бӯе аз ту биёбад дилам чу ҷон

Берун шуд аз замону макон аз ки ҷӯямат

Дар ҷусту ҷӯии ту дилам аз пардаи аўФтод

эй дар даруни пардаи ҷон аз ки ҷӯямат

Аттор агарчӣ ёфт ба айни яқини тўро

эй баси аён ба айни аён аз ки ҷӯямат