Ҳарчӣ дорам дар миён хоҳам ниҳод
Бе хабари сар дар ҷаҳон хоҳам ниҳод
Оби ҳайвон чун ба торикӣ дар аст
Ҷоми ҷам дар ҷанб ҷон хоҳам ниҳод
Зини ҳиммат дар раҳи савдои ишқ
Бар барроқ ломакон хоҳам ниҳод
Гар биҷунбад корвони ошиқон
Пои пеш корвон хоҳам ниҳод
Ҷон чу субҳӣ бар ҷаҳон хоҳам фишонд
Сар чу шамъӣ дар миён хоҳам ниҳод
Суд мумкин нест дар бозори ишқ
Пас асосӣ бар зиён хоҳам ниҳод
Гар қадам аз хеш бархоҳам гирифт
Аз замин бар осмон хоҳам ниҳод
Мурғи аршами сайри гаштам аз қафас
Рӯй сӯй ошён хоҳам ниҳод
То наёяд сари ҷонам бар забон
Меҳри мутлақ бар забон хоҳам ниҳод
Заҳр хоҳад шуд зи айши талхи ман
Сад шукргар дар даҳон хоҳам ниҳод
Остини пари хӯн ба умеди висол
Сари басӣ бар остон хоҳам ниҳод
Даст чун менарасадам дар зулфи дӯст
Сар ба зери пой аз он хоҳам ниҳод
Дар забони гўҳроФшони Фарид
Турфаи ганҷӣ ҷовдон хоҳам ниҳод