Дилам дар ишқи ту ҷон барнатобад

Ки дили ҷузи ишқ ҷонон барнатобад

Чу ишқат ҳаст дилро ҷон нахоҳад

Ки як дил беш як ҷон барнатобад

Дилам дар дарди ту дармон наҷуед

Ки дарди ишқ дармон барнатобад

Маро дар ишқи ту чандон ҳисоб аст

Ки рӯзи ҳашар девон барнатобад

зи ишқати қиссаи гуфтори мо ро

Яқин донам ки ду ҷаҳон барнатобад

Агар бо ман намесозӣ мсўзм

Ки як шабнами ду тӯфон барнатобад

Чу парвонаи дилам дар васли худ сӯз

Ки ин дили дӯд ҳиҷрон барнатобад

Дили аттор бар буии висолат

зи ҳиҷрати як сухан зон барнатобад