Ҷонои шуъоъи рӯят дар ҷисм ва ҷон нагунҷад

Воўозаҳи ҷамолати андар ҷаҳон нагунҷад

Васлат чигуна ҷӯям кандар талаб наёяд

Васфат чигуна гӯям кандар забон нагунҷад

Ҳаргиз нишон надоданд аз кӯии ту касе ро

Зеро ки роҳи Кувайти андар нишон нагунҷад

Оҳӣ ки ошиқонат аз ҳалқ ҷон бароранд

Ҳам дар замон наёяд ҳам дар макон нагунҷад

Онҷо ки ошиқонати як дам ҳузур ёбанд

Дил дар ҳисоб ноед ҷон дар миён нагунҷад

Андари замири дилҳо ганҷӣ ниҳон наҳодӣ

Аз дил агар барояд дар осмон нагунҷад

Аттори васфи ишқат чун дар иборати орад

Зеро ки васфи ишқати андар баён нагунҷад