Дилӣ каз ишқ ӯ девона гардад
Вуҷӯдаш бо адам ҳамхона гардад
Рахш шамъасту ақл ар ақл дорад
зи ишқи шамъ ӯ девона гардад
Касе бояд ки аз оташ натарсад
Ба гирди шамъ чун парвона гардад
Ба шукри онкӣ зон оташ бисӯзад
Ҳама дар олам шукрона гардад
Касе кӯ бар вуҷӯд хеш ларзад
Ҳамон беҳтар ки дар кошона гардад
Агар бар ҷон худ ларзад пиёда
Ба фарзинии куҷо фарзона гардад
Бахилии кӯ ба як ҷӯи зари бимирад
Чаро гирд мқомрхонаҳ гардад
Чу моҳӣ ошно ҷӯяд дарин баҳр
Бакул аз хокён бегона гардад
Чу дар дарё фитод он хушк нона
Макун таъҷил то трнонаҳ гардад
Агар ту дами занӣ аз сари ин баҳр
Дили хунобаро паймона гардад
Басӣ афсун кунад ғаввоси дарё
Ки дар дами доштан мардона гардад
Агар дар қаъри дарёи дами برارد
Ҳамаи афсун ӯ афсона гардад
Дарин дарёи дили пари дарди аттор
Надонам мард гардад ё нагардад