Сари зулфи ту буи гулзор дорад

Лаби лаъли ту ранг гулнор дорад

Аз он ғам ки икдми сар гул набӯдат

Бибин гул ки чун пой бар хор дорад

Агар рӯй ту нест хуршеди олам

Чаро халқро зарра кирдор дорад

Вагар нуқта ошиқон нест холат

Чаро ошиқонро чу паргор дорад

Вагар зулф ту нест ҳиндӯии тарсо

Чаро пас чилипо ва зуннор дорад

Даҳонат чу бо пистае танг монад

Шукри танги баста ба харвор дорад

Хати сабзи зангори ранги ту ёрб

Чу гӯгирди сурхӣ чаҳ миқдор дорад

Чаро рӯй кардӣ турш то зи хатат

Нигини мисин ту зангор дорад

Надорам ба рӯй ту чашми таъаҳҳуд

Ки рӯй ту худ чашм бемор дорад

Чу тимори чашм худаш ме набинам

Марои чашми захмӣ чаҳ тимор дорад

Макун биқрорм чу гардун ки гардун

Ба соҳиб қиронем иқрор дорад

Ба як бӯсаи ҷони марои зиндаи гардон

Ки ҷонам ба олами ҳамин кор дорад

Фарид аз лаби ту сухан чун нагӯяд

Ки шеър аз лаби ту шкрбор дорад