Фурӯ рафтам ба дарёӣ ки на пой ва на сар дорад

Вале ҳар қатрае аз вай ба сад дарё асар дорад

зи ақлу ҷону дайну дил ба куллӣ бехабар гардад

Касе каз сари ин дарёи сари мӯе хабар дорад

Чаҳ гардии гирди ин дарё ки ҳар кӯ мардтар уфтад

Азин дарё ба ҳар соъати таҳайюр бештар дорад

Тўро бо ҷони модарзод раҳ набӯд дарин дарё

Касе ин баҳрро шояд ки ӯ ҷонӣ дигар дорад

Ту ҳастӣ марди саҳройӣ на дарёбӣ на бишносӣ

Ки бо ҳар як азин дарёи дили мардон чаҳ сар дорад

Бибин то марди соҳиби дили дарин дарё чисон ҷунбад

Ки бар роҳи ҳамаи умрӣ ба як соъат гузар дорад

Ту он гавҳар ки дар дарёи ҳама асл ӯст кӣ ёбӣ

Чу май бинӣ ки ин дарёи ҷаҳонии пар гуҳар дорад

Агар хоҳӣ ки он гавҳар бибинӣ ту чунон бояд

Ки чун хуршеди сар то пои ту доим назар дорад

Аҷаб онаст кини дарё агарчӣ ҷумла об омад

Вале аз шавқи як қатраи замини лаби хушк тар дорад

Чу шавқаш буд бисёре ба обӣ низ ғайри худ

зи ту бар сохт ғайри худ туе ғайриӣ агар дорад

Саломат аз чаҳ май ҷӯии маломат ба дарин дарё

Ки он вақтаст марди эмин ки роҳӣ пурхатар дорад

Чу азтар домании аттор дар кунҷӣаст мутаворӣ

Надонам кини сухани гуфтани азуи кас муътабар дорад