Агар дармон кунам имкон надорад

Ки дарди ишқи ту дармон надорад

зи баҳри ишқи ту мавҷӣ нахезад

Ки дар ҳар қатраи сад тӯфон надорад

Ғаматро поки бозӣ май бибояд

Ки сад ҷон бахшад ва як ҷон надорад

Ба ҳасани рои хеш андеша кардам

Ба ҳасан рӯй ту имкон надорад

Фрўгирди ҷаҳони хуршеди рӯят

Агар зулфи тўош пинҳон надорад

Фалакгар сӯфӣеи пирӯза пӯш аст

Вале ин ҳаст ӯро кон надорад

Агарчӣ дар ҷаҳони хуршеди рӯйиш

Ба зебои худ товон надорад

Чу натавонад ки чун рӯй ту бошад

Бигӯ то хеш саргардон надорад

Чу тӯтии хати ту бар даҳонат

Касе бар нуқтаи сад бурҳон надорад

Сари зулфи ту чун гирам ки бе ту

Ғамам чун зулфи ту поён надорад

Лабати хӯнам чаро резад ба дандон

Агар бар ман ба хӯн дандон надорад

Фариди имрӯз хуш хонтар зи хатат

Хаттии сарсабз дар девон надорад