То дӯст бар дилам дар олам фароз кард
Дилро ба ишқи хеши зи ҷон бениёз кард
Дил аз шароби ишқ чу бар хештан фитод
Аз ҷон бишуст даст ва ба ҷонон дароз кард
Фарёд баркашид чу маст аз шароби ишқ
Бихўд шуду зи нанги худӣ эҳтироз кард
Чун дил бишуст аз баду неки ҳамаи ҷаҳон
Такбир кард бар дил ва бар вай намоз кард
Бар рӯй дӯсти дида чу бар дӯхт аз ду кун
Ин дида чун фароз шуд он дида боз кард
Пеш аз аҷал бамурд ва бидон зиндагӣ расед
Идрӣси вақти гашт ки ҷони чашм боз кард
Чандон ки рафт роҳ ба охир наме расед
Дар ҳар қадами ҳазор ҳақиқат муҷоз кард
Аттори шарҳ чун диҳад андари ҳазор сол
Он некуӣ ки бо дил ӯ длнўоз кард