Даст бо ту дар камар хоҳем кард
Қасди он танги шукр хоҳем кард
Дар сари зулфи ту сари хоҳеми бохт
Кор бо ту сар ба сар хоҳем кард
Чун лаби ширини ту хоҳем дид
Пои кӯбони шӯру шар хоҳем кард
Чун зи чашмати тирборон дар расад
Мо зи ҷони худ сипар хоҳем кард
Аз ду олами чашм бар хоҳем дӯхт
Чун ба рӯй ту назар хоҳем кард
Дар ғами ишқи ту ҷон хоҳем дод
Сар дар он аз хок бар хоҳем кард
Чун бар симинат безар кас надид
Ҳар замони вомӣ дигар хоҳем кард
То бар симини ту чун зар буд
Кори худ чун оби зар хоҳем кард
Бо ҷунуни ишқи ту хоҳеми сохт
Тарки ақли ҳилагар хоҳем кард
Ҳар сухани конрои таъаллуқ бо ту нест
Он суханро мухтасар хоҳем кард
Дар ҳамаи олами туро хоҳем ёфт
Гар ҳамаи олами сафар хоҳем кард
Гарчи ҳаргизи навҳа мо нашнавӣ
Навҳа ҳар дами бештар хоҳем кард
То ту бар мо бигузарӣ гар нагузарӣ
Хештанро хок дархоҳем кард
Бар сари кӯии вафои саг ба зи мо
Гар зи кӯии ту гузар хоҳем кард
Чун ту май хоҳии нигунсории мо
Мо кунун аз пои сар хоҳем кард
Дар қиёмат бо ту хоҳад буду бас
Ҳарчӣ аз мо хайру шар хоҳем кард
Ҳарчӣ он аттор дар васф ту гуфт
Зикри доимро з бар хоҳем кард