Азми харобот беқно натавон кард
Даст ба як дард бесафо натавон кард
Чун на вуҷӯдаст на адам ба харобот
Лоҷарами ин як аз он ҷудо натавон кард
Шоҳ мабош ва гадо мабош ки онҷо
Ҳеҷ нишони шаҳ ва гадо натавон кард
Гум шудан ва бихўдӣаст роҳи харобот
Тӯшаи ин роҳи ҷуз фано натавон кард
Ҳар ки зи худ маҳви гашт дар бен ин дайр
Ваъдаи исбот ӯ вафо натавон кард
Соя ки дар қурси офтоб фурӯ шуд
То ба абади чора бақо натавон кард
Лои шӯ агар азм мекунӣ ту ба боло
Зонка чунин азми ҷуз ба ло натавон кард
Гар қадре умр беҳузур кунӣ фӯт
То ба абади он қадар қазо натавон кард
Худ қадре нест ин қадар ки ҷаҳон аст
Тарки ҷаҳонӣ ба як хато натавон кард
Гар зи хароботи дарди қисм ту ояд
То абади алобдш даво натавон кард
Чун ба хароботи ҳоҷати ту ҳузур аст
Ҳоҷати ту бе меӣ раво натавон кард
Ёр азизаст хоссаи ёри харобот
Дар ҳақи ёрии чунин риё натавон кард
Ҳам нафасии дрдкш агар ба кафи оре
Доман ӯ як нафас раҳо натавон кард
То ки нагардад Фариди дарди каши дайр
Қиссаи дардии кашон адо натавон кард