Рӯй дар зери зулф пинҳон кард
То дар ислом коФрстон кард
Боз чун зулф барграфт аз рӯй
Ҳамаи куффорро мусулмон кард
Дӯш омад барам саҳаргоҳӣ
То дили ман ба зулф паймон кард
Чун саҳаргоҳи боди субҳи бхост
Ҳалқаи зулф ӯ парешон кард
Гуфтам охир чаро чунин кардӣ
Гуфт ин бод кард чтўон кард
Гуфтамаш аҳд кун ба чашми ин бор
Чашми барҳами ниҳод ва фармон кард
Чун ки паймони мо ба бод бидод
Бози аҳдами шикаст ва товон кард
Чун бирафтам зи чашм , ӯ ҳоле
Дили ман барад ва тирборон кард
Гуфтам охири шикасти чашмати аҳд
Гуфт чашмам накард мижгон кард
Гуфтамаш бо лаби ту аҳд кунам
Гуфт кун зонка бӯса арзон кард
Чун бибастем аҳди лаб бар лаб
Бар лабами лаъл ӯ дроФшон кард
Ман чу бехештан шудам зи хушӣ
Пора аз ман бикунад ва пинҳон кард
Гуфтам охири лаби ту аҳди шикаст
Гуфт он лаб накард дандон кард
Дарди атторро ки дармон нест
наменадонам ки ҳеҷ дармон кард