Хатати хуршедро дар доман оварад
зи машки ноби хирман хирман оварад
Чунон хатат баровардаст дастӣ
Ки бо хуршеду ма дар гардан оварад
Каллаи дори фалак аз ишқи хатат
Чу гул карда қабо пероҳан оварад
Хати мишкӣнати ҷӯшӣ дар дили андохт
Лаби ширинати ҷӯшӣ дар ман оварад
Фалакро ишқи ту дар гардиши андохт
Ҷаҳонро шавқи ту дар шеван оварад
Надонам то фалак дар ҳеҷ даврӣ
Ба хӯбии ту як симин тан оварад
Фалак чун ҳар шабии зулф ту ме дид
Ки чандини ҳалқа мрдоФкн оварад
зи чашм бад битарсед аз кавокиб
Сари зулфи туро чӯбак зан оварад
Аз он сари ришта гум кардам ки рӯят
Даҳоне ҳамчуи чашм сӯзан оварад
Аз он саргашта дил мондам ки лаълат
Гуҳари сӣ дона дар як арзан оварад
зи баҳри заррае васли ту ҳар рӯз
Агар хуршеди ваҷҳе равшан оварад
Чун он зарра наёфт аз хиҷлати он
Фурӯ шуд зарду сар дар доман оварад
Дили аттор дар васлати замирӣ
Ба асрори сухан обистан оварад