Зиндаи ишқи ту оби зиндагонӣ кӣ хӯрд
Ошиқи рӯяти ғами ҷону ҷавонӣ кӣ хӯрд
Ҳар ки хӯрд аз ҷоми давлати дарди дардати қатра Эй
То ки ҷон дорад шароби шодмонӣ кӣ хӯрд
Ҷон чу боқӣ шуд зи хуршеди ҷамолат то абад
Заррае андӯҳи ин зиндони фонӣ кӣ хӯрд
Гар фасеҳ олимӣ бошад ба пеши ишқи ту
То на лол ояд зулоли ҷовдонӣ кӣ хӯрд
Дил ки ишқат ёфт берун омад аз бори ду кун
Ҳар ки султон шуд қафои посбонӣ кӣ хӯрд
Ҳар касе гуяд шаробӣ хӯрдаам аз дасти дӯст
Подшаҳ бо ҳар гадои дўстгонӣ кӣ хӯрд
Ҷони мо чун нӯши доруии яқин ишқ хӯрд
Бо яқини ишқи заҳри бадгумонӣ кӣ хӯрд
Чун дили аттор дар ишқати ғами сад ҷон нахурд
Пас ғами ин танги ҷои устихонӣ кӣ хӯрд