Чун пардаи з рӯй моҳ баргирад

Аз фарқи фалак кулоҳ баргирад

Бе рӯй чу моҳ ӯ дами сардам

Аз рӯй сипеҳр моҳ баргирад

Соҳиби назарӣ агар дамам бинад

Ҳар дам ки занам ба оҳ баргирад

Дар роҳ фитодаам ба буии онк

Чун сояи марои з роҳ баргирад

Ва ӯ худ чу маро табоҳ бинад ҳол

Сояи зи ман табоҳ баргирад

Хаташ чу ба хӯни ман сҷли бандад

Ду ҷодӯро гувоҳ баргирад

Ки ҳукм кунад бад-ӣни гувоҳу хат

Ҷузи онкии дил аз илоҳ баргирад

Ҳаргоҳ ки зулф ӯ наад ҷурмам

Сад тавба ба як гуноҳ баргирад

Лекини лаби узрхоҳи пеши орад

Вази ҳам лаб узрхоҳ баргирад

Ҷодӯи бачаи ду чашмаш он хоҳад

То расми гадо ва шоҳ баргирад

Сад болиғро бибин ки чун аз роҳ

Ҷодӯи бача сиёҳ баргирад

Ақл ояду олимӣ ҳашар созад

Вази сабри басӣ сипоҳ баргирад

Бо қалби шикастаи пеш саф ояд

То пардаи з пешгоҳ баргирад

Чашмаш ба сафи мижа ба як мӯяш

Бо хайлу сипаҳи з роҳ баргирад

Гуфтам агарам диҳад паноҳи худ

Кунҷии дилам аз паноҳ баргирад

Аз нақди ҷаҳони Фаридро қалбӣ аст

Ин қалб ки гоҳ гоҳ баргирад