Даст дар доман ҷон хоҳам зад

Пой бар фарқ ҷаҳон хоҳам зад

Асб бар ҷисм ва ҷиҳат хоҳам тохт

Бонг бар кун ва макон хоҳам зад

Вонгаҳи он дам ки миёни ман ва ӯст

Аз ҳамаи халқ ниҳон хоҳам зад

Чун марои ном ва нишон нест падед

Дами з беном ва нишон хоҳам зад

Ҳон мабар занн ки ман сӯхтаи дил

Он дам аз ком ва забон хоҳам зад

Тан палид аст бихоҳам андохт

Всони дами пок ба ҷон хоҳам зад

Дар шикам чун занад он Тифли нафас

Ман бехеш чунон хоҳам зад

Аз дилами машъала Эйхоҳам сохт

Нафас шуъла фишон хоҳам зад

Аз сари сидқу сафои субҳи сифат

Он нафаси не ба даҳон хоҳам зад

Чун аёни гашти маро ончӣ мапурс

Лоф аз айн аён хоҳам зад

Лоф ин нест яқинаст яқин

Пас чаро дам ба гумон хоҳам зад

Ман ним матбахии зеру зибр

Дам бекФк ва духон хоҳам зад

Чун сару пой равон нест маро

Қадам аз пой равон хоҳам зад

Хасм нафасаст гарм ишва диҳад

Бар сари хасм синон хоҳам зад

То ки аз васвасаи нафаси палид

Нафас аз суд ва зиён хоҳам зад

Ба харобот фурӯ хоҳам шуд

Даст бар ратл гарон хоҳам зад

Он дами ангушт газон мезада ам

Ин дами ангушт занон хоҳам зад

Тирро пайк балохоҳам сохт

Теғро захм миён хоҳам зад

Фитнаи бедор чунон хоҳам кард

Каз сари фитна нишон хоҳам зад

Ҳар шубони Мӯсо умрон набӯд

Ман дами гург шубон хоҳам зад

То кӣ аз шеъри Фариди оташи ишқ

Дар ҳамаи нутқ ва баён хоҳам зад