Ишқ омаду оташӣ ба дил дар зад
То дил ба газофи лоф дилбар зад
Осӯда бидам нишаста дар кунҷӣ
Комади ғами ишқу ҳалқа бар дар зад
Шохи тарабами зи бех ва бен барканд
Ҳар чиз ки доштам ба ҳам бар зад
Гуфтанд ки сим бар нигораст ӯ
То рӯем аз орзӯӣ ӯ зар зад
Тоўси Рахш чу кард як ҷилва
Ақлам чу магаси ду даст бар сар зад
Аз чеҳра ӯ дилам чу дарё шуд
Дарё дидӣ ки мавҷ гавҳар зад
Аттор чу оташин дил омад зу
Ҳар дам ки зад аз миён ахгар зад