Дил ба савдои ту ҷон дар бозад

Ҷон барои ту ҷаҳон дар бозад

Дил чу ишқи ту даройад ба миён

Ҳарчӣ дорад ба миён дар бозад

Вар бигӯед ки киро дорад дӯст

Сар ба даъвии забон дар бозад

Ҳар ки дар кӯй ту ояд ба қимор

Дил барафшонаду ҷон дар бозад

Ҳар ки як ҷуръа май ишқ ту хӯрд

Ҷону дили наъраи занон дар бозад

Ҷумлаи неку бад аз сари бунаад

Ҳамаи ному нишон дар бозад

Ҳеҷ чизаш ба нагирад доман

Гар ҳамаи суду зиён дар бозад

Ҷони аттори дарин водии ишқ

Ҳар чаҳ кунасту макон дар бозад