Гар оҳ кунам забон бисӯзад

Бигузар зи забон ҷаҳон бисӯзад

Зини сӯз ки дар дилам фитодаст

Май тарсам аз он ки ҷон бисӯзад

Ин сӯз ки аз замин дил хост

Бимаст ки осмон бисӯзад

Ин оташи тезро ки дар ҷон аст

Гар ном барам забон бисӯзад

Шуд теғи забони ман чунон гарм

Аз сина ки то миён бисӯзад

Мағзам ҳама сӯхтаст вомрўз

Вақтаст ки устихон бисӯзад

Гар бар гӯям ғамӣ ки дорам

Олами ҳама ҷовдон бисӯзад

Сад оҳ кунам ки ҳар яке зу

Ду кун ба як замон бисӯзад

Аттори магар ки хом афтод

Шояд ки зи нанг он бисӯзад