Ҳам балои ту ба ҷон беқаророн ме расад

Ҳам ғами ишқати насиб ғмгсорон ме расад

Заррае ғам аз ту чун хоҳад гадои кӯии ту

Кини чунин мироси ғам бо шаҳсаворон ме расад

Ман надорам Зуҳраи хоки пои ту кардани тамаъ

Зонка ин давлат ба фарқ тоҷдорон ме расад

Ҳар касе аз нақш рӯй ту хаёлӣ ме кунад

Пас ба буии васли ту чун хосторон ме расад

Ҳеҷ касро дар дамӣ сӯрат набандад то чаро

Нақш рӯй ту бад-ӣни сӯрат нигорон ме расад

Гули магар лофӣ зад аз хӯбӣ кунун пеши рахт

Узри хоҳ аз даҳ забон чун шармсорон ме расад

Пеши рӯяти булбул ар дар пеш меояд шафиъ

ӯ арақ карда зи пас чун мигсорон ме расад

Давр аз рӯй ту натавонад биравӣ кас расед

Ончӣ аз рӯят ба рӯй дӯстдорон ме расад

Зулфи шбрнгт чу бар гулгун саворӣ ме кунад

Олимии фитна ба рӯй беқаророн ме расад

Рух чу гулбарги баҳор аз ман чаро пӯшӣ ба зулф

Кошки ман давр аз ту чун абр баҳорон ме расад

Бар хатат чун зор мегарем макун манъами азонк

Ин ҳамаи сарсабзии сабзаи з борон ме расад

Кӣ расад ошуфтагӣ аз рӯзгори булъаҷаб

Ончӣ аз чашмати бад-ӣни ошуфта корон ме расад

Дил сипар бификанад аз ҳар ғамзаи чашми ту бас

Дар кам аз як чашм зад сад тирборон ме расад

Ҳеҷ дармонам накардӣ то ки ёрами хонда Эй

Ҷумлаи дарди ту гӯйии қисм ёрон ме расад

Чун тамаъи ббридн аз васлати нишон кофарӣ аст

Лоҷарами аттор чун умедворон ме расад